<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><hymn_number>234</hymn_number>
<title>Хушо ҳоли касоне ки ростроҳ ҳастанд Хд234</title>
<lyrics>[V1]
.Em               F
 Хушо ҳоли касоне ки ростроҳ ҳастанд,
.Dm               Em
 Ва ба оини Яздон рафтор мекунанд.
.G              F
 Гувоҳиҳои Ӯро нигоҳ медоранд,
.Dm                 Em
 Бо тамоми ҷону дил Ӯро меҷӯянд.

[C1]
.  F               Am
   Бадиву ноинсофӣ низ намекунанд,
.  G              Em
   Бо роҳҳои неки Ӯ ба пеш мераванд.
.  F                  Am
   Ту фармонҳои худро додаӣ ба мо,
.  C                  B
   То ки онҳоро пурра оварем ба ҷо.

[V2]
 Кошки дуруст мебуданд ин роҳҳои ман,
 То дастурҳои Туро нигоҳ дорам ман.
 Он гоҳ хиҷилу шармсор намегардам ман,
 Чун ба фармонҳои Ту назар дӯзам ман.

[C2]
   Туро бо ростии дил сипос мегӯям,
   Чун доварии Туро таълим мегирам.
   Ман дастурҳои Туро нигоҳ медорам,
   Парвардигоро, ҳаргиз Ту накун таркам.

[V3]
 Ҷавон роҳашро бо чӣ покиза дорад?
 Бо сухани Ту онро нигоҳ медорад,
 Бо тамоми дили худ Туро меҷӯям.
 Аз фармудаҳои Ту намон дур шавам.

[C3]
   Гуфтаи Туро дар дил нигоҳ медорам.
   То ин ки хилофи Ту гуноҳ накунам.
   Ту фархунда мебошӣ, Парвардигоро,
   Ту ба ман таълим бидеҳ дастурҳоятро.

[V4]
 Ҳама довариатро баён мекунам,
 Ба воситаи лабҳо баён мекунам,
 Дар роҳи гувоҳиат ман хурсанд ҳастам,
 Чунон дар сарвати беҳ ман хурсанд ҳастам.

[C4]
   Ман бар фармонҳои Ту андеша дорам.
   Ба сӯи роҳҳои Ту нигоҳ мекунам.
   Басе ҳаловат дорам аз дастури Ту,
   Фаромӯш намекунам суханҳои Ту.</lyrics>
<key>C</key>
</song>